24 Ноябр 2020 - 14:23
Қадимитарин асири дунё дар куҷо зиндонӣ шудааст?

Ноил ал-Барғусӣ чилу як сол аст, ки дар як ҳуҷраи маҳбаси саҳюнистӣ нигоҳ дошта мешавад ва дар як шабонарӯз танҳо ду соат офтобро мебинад.

ABNA24: Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ал-Олам; даҳҳо фаластинӣ имрӯз ба манзури бузургдошти чилуякумин  солгарди боздошти Ноил ал-Барғусӣ, қадимитарин асири дунё дар муқобили манзили вай ҷамъ шуданд.

Бисёре аз меҳмонони имрӯзи хонаи ӯ аз ҳамбандҳои ӯ дар давраи асорат ҳастанд.

Ал-Барғусӣ 18 сола буд, ки ба ҷурми муқовимат дар баробари ишғолгарони Моран ба дасти муздурони режими саҳюнистӣ боздошт шуд ва имрӯз 60 сола шудааст.

Ал-Барғусӣ қадимитарин асири ҷаҳон ба шумор меравад ва ҷаҳон ҳеч коре барои наҷоти ӯ намекунад.

342/